ЛЕВАКАНТ: ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ ЧИ БАРРАСӢ ШУД?

.

22-юми сентябр, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбӣ-саноатии кимиёи шаҳри Левакант"-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, ва фаъолон Маҷлиси навбатии назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.

 

Маҷлисро раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ ифтитоҳ намуда, дар оғози суханронии худ ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, фаъолон ва кулли заҳматкашони соҳа барои иҷрои пеш аз мӯҳлати нақшаи пахтасупорӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд. Ӯ таъкид кард, ки чунин натиҷаҳо маҳсули меҳнати софдилона ва садоқатмандии мардум ба Ватан аст, ки шаҳри Левакант, дар мавсими имсола аввалин шуда, дар миқёси ҷумҳурӣ нақшаро 101,4% иҷро намуд.

Дар ҷараёни маҷлис як қатор масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла:

Ҳолати иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

Ҷараёни татбиқи нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Тезонидани корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди шаҳр;

Баррасии масъалаҳои ҷорӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо.

Дар муҳокимаи масъалаҳо роҳбарони бахшҳои дахлдор ва масъулини ташкилоту идораҳо ҳисобот дода, дар бораи бурду бохти фаъолияти худ маълумот пешниҳод карданд. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо, таъмини саривақтии нақшаҳои соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, як қатор супоришҳои мушаххас дода шуд.

Муминзода Мастура Табарӣ дар анҷом, таъкид намуд, ки масъулин бояд бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва муттаҳидона фаъолият бурда, баҳри боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон ва рушди устувори шаҳри Левакант саҳми муносиб гузоранд.