ЛЕВАКАНТ: «АБУАБЛУЛЛОҲӢ РӮДАКӢ-ШОИР ВА МУТАФАККИРИ МАЪРИФАТПАРВАР»
22-юми сентябр, бахшида ба гиромидошт ва истиқболи Рӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — сардафтари адабиёти форсу тоҷик ва поягузори адабиёти классикии тоҷик, дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони "Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — шоир ва мутафаккири маърифатпарвар" Конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад оғоз ёфт. Ӯ иштирокдоронро бо Рӯзи Рӯдакӣ табрик намуда, дар суханронии худ аз ҷойгоҳи таърихӣ ва адабии устод Рӯдакӣ ёдовар шуда, саҳми беандозаи ӯро дар ташаккул ва рушди забону адабиёти тоҷик арзишманду мондагор арзёбӣ кард.
Дар идомаи Конференсия, устодони донишкада бо маърӯзаҳои илмӣ дар мавзуҳои "Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ", "Маърифатпарварӣ дар меҳвари эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ" баромад намуданд, ки дар онҳо паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва осори ин шахсияти таърихӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифтанд. Маводҳои пешниҳодшуда бо далелҳои илмӣ ва бо манбаъҳои муътамад, шоҳиди таҳқиқоти илмӣ буданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо қироати шеърҳои қофиласолори назми тоҷик устод Абуабдуллоҳӣ Рӯдакӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишкада ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифт. Ин иқдом ба баргузории муҳити фарҳангиву адабӣ ва ҳамзамон рушди қобилияти забондонӣ ва мафкуравии донишҷӯён мусоидат намуд.
Дар фарҷоми Конференсия, иштирокчиён зарурати идомаи омӯзишу таҳқиқи осори ниёгони маърифатпарварро таъкид намуда, баргузории чунин ҳамоишҳоро омили муҳими баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва эҳёи суннатҳои адабӣ арзёбӣ намуданд.
