ЛЕВАКАНТ: Раиси шаҳр аз ҷараёни ҷамъоварӣ ва коркарди пахта боздид намуд

.

22-юми сентябр, раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ бо мақсади ошноӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта ва фаъолияти корхонаҳои коркарди он, аз як қатор хоҷагиҳо ва корхонаҳои марбут ба соҳаи пахтакорӣ боздид намуд.

 

Зимни боздид, раиси шаҳр бо пахтакорон, роҳбарони хоҷагиҳо ва масъулини соҳаи кишоварзӣ суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро барои иҷрои босифат ва пеш аз муҳлати нақшаи ҷамъоварии пахта бо 101,4% табрик намуд. Ӯ таъкид кард, ки дастовардҳои имрӯза маҳсули заҳмати софдилона ва меҳнатдӯстии мардуми заҳматкаши шаҳр мебошад.

Муминзода Мастура Табарӣ дар суханронии худ изҳор дошт, ки шаҳри Левакант ҳамчун ҷузъи фаъоли вилояти Хатлон, новобаста аз иҷрои пурраи нақша, вазифадор аст, ки то кураки охирин пахтаро чида, саҳми шоистаи худро дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди миллӣ гузорад.

Ҳамзамон, раиси шаҳр ба масъулини соҳа супориш дод, ки барои таъмини саривақтӣ ва босифати коркарди пахта дар корхонаҳо тадбирҳои иловагӣ андешида, шароити мусоиди меҳнатиро барои коргарон фароҳам созанд.

Бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзон ва ҳамоҳангии Мақомоти иҷроия, Левакант имрӯз дар қатори пешсафони шаҳру навоҳии пахтапарварии вилоят қарор дорад, ки ин далели равшани рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шаҳр мебошад.