Чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ЛКСК Леваканти ДБССТ
22-юми сентябр, дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, бо ҳузури муовини раиси шаҳри Левакант ва ширкати васеи омӯзгорону донишҷӯён чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Шоҳиён Саъдулло-муовини раиси шаҳр иштирокдоронро бо ин рӯзи фархунда ва муҳим дар тақвими фарҳангии миллати тоҷик рӯзи устод Абуабдуллоҳӣ Рӯдакӣ табрик намуд. Ӯ дар суханронии худ устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ҳамчун поягузори назми форсу тоҷик, ҳушу заковати миллӣ ва бақои адабу фарҳани тоҷик арзёбӣ намуда, саҳми ӯро дар рушду такомул ва ташаккули забони тоҷикӣ ниҳоят баланд донист.
Сипас, донишҷӯёни фаъоли литсей бо қироати шеърҳои устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, порчаҳо аз осори пурғановати ӯ ва суханрониҳои мухтасар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ин абармарди адабиёт, ба хотираи ӯ эҳтироми хоса баён намуданд. Шеърҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ироа гардида, муҳити маънавии чорабиниро ғанӣ гардониданд.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва тақвияти худшиносии фарҳангӣ миёни насли ҷавон арзёбӣ гардид. Баргузории чунин ҳамоишҳо, ба таъкиди масъулин, заминаест барои тарбияи маънавии ҷавонон ва пайванди маънидор бо хазинаи пурқимати адабиёти классикӣ.
