Миллати тоҷик дорои таърихи қадима ва фарҳанги тамаддунофар буда, аз азал ба масъалаи пӯшидани либос диққати махсус медод. Фарҳанги либоспӯшӣ дар байни мардуми ориёӣ бо мурури замон, оҳиста-оҳиста тараққӣ ёфта, ба маданияти рушдёфтаву ҷудогона табдил ёфт ва санъати либоспӯшӣ симои мадании миллати моро муайян ва муқаррар намуд.

 

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем. Пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем”.

Яке аз нишонаҳои асосӣ ва муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз ин хусус меравад, ҳатман пеши назар симои занони тоҷик бо сару либоси миллӣ-атласу адрас, гулдӯзиҳои нотакрор, алочаву шоҳӣ ва рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ меояд. Либоси миллии мо, ки яке аз нишонаи соҳибфарҳангии мо эътироф шудааст ва ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонапарастӣ омехта насохта, онро бо тамоми покиву рангорангияш ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Воқеан, пешбарандаи фарҳангу санъати либоспӯшӣ дар ҳамаи мамолики дунё занон мебошанд. Аз ҳамин лиҳоз занону бонувони моро мебояд, ки аз пушиши либоси ба фарҳанги хеш бегона (сатру ҳиҷоб ва либосҳои нимурён) худдорӣ намоянд. Имрӯз бархе аз ҷавонони мо рӯ овардаанд ба аз бар намудани либосҳои турку арабу аврупо. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро миллати дигар либоси миллии моро ба тан намекунад? Ҳол он ки мо низ фарҳанги бою ғанӣ дорем. Чаро онҳо низ мисли бархе аз ҷавонони мо фарҳанги моро тарғибу ташвиқ намекунанд? Модоме ки онҳо таҷассумгари либоси миллии мо нестанд, пас чаро мо фарҳанги онҳоро пайгирӣ кунем?

Дар ҷомеаи имрӯзаи мо агар аз пайгирии фарҳанги бегона сухан равад, бархе аз духтарони сатрпӯш бар он ақидаанд, ки ба тақвову имондории эшон мухолифат кардаанд. Охир, хоҳари азиз, манаҳи бастаю пироҳанҳои ба тан часпида ҳаргиз сатри аврат буда наметавонад. Оё манаҳро сахт бастаю куртаҳои шаффоф пушидан, ё пушидани либосҳои танге, ки пастию баландии бадани занро намоён мекунанд, нишонаи имондорист? Магар сатр бастаю либосҳои аврупоӣ пушидан дуруст аст? Ба ақидаи фарҳангшиносон ин ҳама тақлид асту аз тамошои як зумра филмҳои хориҷие, ки тарғибкунандаи фарҳанги ғайр мебошанд, пайдо шудаанд.

Мегӯянд, ки агар хоҳанд миллате, аз байн равад, аввал забон ва фарҳангашро аз байн мебаранд. Агар забону фарҳанг таназзул ёфт, давлат низ фано хоҳад шуд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд, ки мо бояд ободкору пешбарандаи давлату фарҳанги хеш бошем. Ҳеҷ як хориҷӣ аз давлати дигар омада, ватани моро обод намекунад.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст. Мо-миллати тоҷик бояд пешбарандаи фарҳангу тамаддуни хеш бошем. Шоири ватансарову ширинкаломи тоҷик устод Муҳаммад Ғоиб дар яке аз шерҳои машҳураш “Ҷонро бисупореду ватанро нафурӯшед” хеле хуб таъкид намудаанд, ки мо бояд посдори гузаштаи худ бошему ба фарҳангу миллати худ арҷ гузорем.

Нилуфару садбаргу суманро нафурӯшед,
Як барги хазонранги чаманро нафурӯшед.
Зар меравад аз даст, ба он меҳр набандед,
Як зарраи ин хоки куҳанро нафурӯшед.
Бандед саги нафс, ки он сер нагардад,
Дар дашт, ки монед, даманро нафурӯшед.
Доранд зи гулҳои ватан ранг, ба душман
Атлас нафурӯшед, чаканро нафурӯшед.
Аз мижжаву абрӯи дигар нусха нагиред,
Як мӯйи худододи баданро нафурӯшед.
То модаратон сархаму озурда нагардад,
Бар доғ гули чеҳраи занро нафурӯшед.
Таърих баду нек фаромӯш насозад,
Гарди фараҳи ғуссашиканро нафурӯшед.
Пинҳон бикунад шармгаҳи мурдаи худро,
Аз пахтаи мулк аст, кафанро нафурӯшед.
Душман нашавад дӯст, фаромӯш насозед,
Бар аҳди тиҳиҷаҳд суханро нафурӯшед.
Аз хилъати ҳастӣ наравад доғи хиёнат,
Ҷонро бисупореду Ватанро нафурӯшед!