4-уми июл, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, намояндагони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд», мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар кӯчаи Борбад 28 ва Борбад 41-и қаламрави шаҳрак тариқи усули фардии «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

 

Масъулин вобаста ба маданияти шаҳрнишинӣ, тозагию ободонӣ, пешгири аз хурофот, бегонапарастӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб), пешгири аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб, пешгири аз бемориҳои сироятию мавсимӣ, пешгири аз фавти модару кӯдак ба аҳолӣ хусусан занҳои хонашин фаҳмондадиҳӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамин гурӯҳи калони таблиғотӣ вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз ҳамарӯза бо аҳолӣ корбари намуда, саҳми худро дар тозагию ободонӣ ва некуаҳволии сокинон тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузоранд.