Левакант: Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлолият

.

 
6-уми сентябр, дар толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бо иштироки олимону устодон, донишҷӯён ва меҳмонон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори Донишкадаи байналмилалии Левакант, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад оғоз ёфт. Мавсуф дар суханронии худ таъкид намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон қадами муҳим ва заминаи боэътимоди рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ гардида, барои тавсеа ва тақвияти нуфузи байналмилалии кишвар нақши бузург дорад.
Дар идомаи чорабинӣ, меҳмонон — муовини раиси шаҳри Левакант Шоҳиён Саъдулло ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни 34-солагии Истиқлолият табрик намуда, барои ҳамкории муштарак ва дастгирии соҳаи илму маориф изҳори миннатдорӣ намуданд.
Тибқи барномаи конференсия, устодон ва олимони ҷавон дар мавзӯъҳои муосир ва муҳими рӯз, аз ҷумла:
«Зеҳни сунъӣ ва таъғирёбии иқлим — ду ядрои умумиҷаҳонӣ дар даҳсолаи оянда»;
«Мақоми маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ»;
«Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун василаи муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар замони Истиқлол» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва илмию амалӣ намуданд.
Дар қисмати ниҳоии Конференсия, барои саҳми назаррас дар пешрафти кори таълиму тарбия ва дастовардҳои илмӣ, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр-Олимзода Низора, олимони ҷавон ва устодони Донишкада бо Сипосномаҳои Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ қадрдонӣ шуданд.
Конференсияи илмӣ-назариявӣ аз рӯҳияи ватандӯстӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ дарак дода, нишон дод, ки илму маориф нақши калидӣ дар таҳкими Истиқлолият ва густариши мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ дорад.