Левакант: Чорабинии фарҳангии “Шоми Истиқлол” дар деҳаи Вахш
5-уми сентябр, бо ташаббуси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и шаҳри Левакант-Латипова Садорат, бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-и шаҳри Левакант чорабинии фарҳангии идона таҳти унвони “Шоми Истиқлол” баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ, меҳмонони расмӣ аз ҷумла муовини раиси шаҳри Левакант Шоҳиён Саъдулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” Фарух Султонов ва дигар намояндагони мақомоти маҳаллӣ ҳузур дошта, аз намоиши дастовардҳои хонандагон ва омӯзгорони муассиса дидан карданд. Ин намоиш дарбаргирандаи лоиҳаҳо, корҳои эҷодӣ ва дастовардҳои илмиву варзишии хонандагон буд, ки нақши муҳими маориф ва таълими босифатро дар раванди рушд ва ободонии деҳа таҷассум намуд.
Ҳамзамон, иштирокдорони чорабинӣ аз ҳунарҳои миллию мардумӣ ва фарҳанги волои сокинони деҳаи Вахш шинос гардиданд. Ин намоиш бо пешкаши ҳунарҳои гулдузӣ, ҳунарҳои дастӣ ва ҳунари катбонуҳои деҳа идома ёфт, ки маҳорати ҳунармандони маҳаллӣ ва фарҳанги бойи тоҷиконро дар бар мегирифт.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ва фарҳангиёни деҳа барномаи рангину хотирмонро бо шеъру тарона, суруду рақсҳои миллию муосир пешкаши аҳли ҷамъомад намуданд. Ин барнома бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ шомили унсурҳои муосир ва суннатии фарҳанги тоҷикӣ буд.
Чорабинӣ бо мақсади тарғиби арзишҳои миллии тоҷикон, ташвиқи худшиносии миллӣ ва таҳкими эҳсоси сарфарозӣ аз даврони Истиқлолият баргузор шуд ва дар фазои самимона ва шодмонӣ анҷом ёфт.
Маркази матбуоти МИҲД-и шаҳри Левакант
