БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЛЕВАКАНТИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН БА ИСТИҚБОЛИ 34-УМИН ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

.

 
Санаи 6-уми сентябри соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Конференсияро ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳайати омӯзгорону ҳозирини конференсияро ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, роҷеъ ба таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар замони Истиқлол ва дар ин масир саҳми мондагор ва боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Дар қисмати ифтитоҳии конференсия муовини раиси шаҳри Левакант Шоҳиён Саъдулло ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора бо баёни таманноиёти нек ба ҳозирин суханронии табрикотӣ манзур намуданд.
Дар қисмати дуюми конференсия, ки ба ироаи маърӯзаҳои илмӣ бахшида шуда буд, Эшонқулов Алишер Алигулович - номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи таълими Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дар мавзуи: «Зеҳни сунъӣ ва тағйирёбии иқлим-ду ядрои умумиҷаҳонӣ дар даҳсолаи оянда», Ашуров Ардамеҳр - номзади илмҳои таърих, иҷрокунандаи вазифаи сардари шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи: «Мақоми маърифат дар ҷомеаи соҳибистиқлол» ва Одинаева Фарзона - мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи байналмилалии Левакант Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи: «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ василаи муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ» суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо вобаста ба дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ва рушди босуботи кишвар дар ин марҳала андешаву баёни ақида сурат гирифта, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, Истиқлолу ваҳдат ва суботу осудагии кишвар ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ рисолати умдаи ҳама кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла зиёиён ва аҳли илму маорифи кишвар дониста шуд.