ИСТИҚЛОЛ ОРЗӮИ ТАЪРИХӢ ВА ҲАДАФУ ОРМОНИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

.

 
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш аз ҳама барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки ба ин васила бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд давлат ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ роҳ пеш гирад.
Илова бар ин, Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайваст гардонид, ки ин боиси болоравии бесобиқаи нуфузу обрӯи кишвар дар байни ҷомеаи байналмилалӣ гардид.
Боиси тазаккур аст, ки шарафёб гардидан ба давлати тозаистиқлоли тоҷикон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра мебошад.
Аз ин рӯ, дар таҳким бахшидан ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон маҳз кӯшиш ва заҳмату самтгириҳои пайваставу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бориз ва мондагор мебошад.
Зеро ормону орзуи таърихии миллати тоҷик ва ҳадафу ормонҳои имрӯзу фардои он танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр амалӣ шуда метавонанд.
Бинобар ин, бо ифтихор иброз медорем, ки ҳифзи давлатдории миллӣ дастоварди бузургтарину муқаддастарин дар таърихи навини миллати тоҷик ва сулҳу оромӣ неъмати арзишмандтарин дар ҳаёти халқамон мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломативу дӯстона дошта, узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Хушбахтона, аксари давлатҳо мавқеъ ва ташаббусҳои Тоҷикистонро дар масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун кишвари пешсаф эътироф намуда, дар ин масири созанда бо мо ҳамкорӣ мекунанд.
Дастовардҳои зикршуда, бешубҳа, самараи истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвари мо дар зарфи 34 сол буда, заминаи асосӣ барои тағйири симои давлат ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ гардиданд.
Аз ҷониби дигар, дар ин роҳи пур аз рушду такомул ва густаришу пешрафт кишвари мо ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ шарофёб гардида, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ арзи ҳастӣ менамояд.
Боиси тазаккур аст, ки ҷомеи муосир ва рушди босурҷати он тақозо менамояд, ки давлату миллатҳо ҳарчӣ бештар пояҳои давлатдорӣ ва суботу сулҳро бештар устувортар намояд. Зеро омили асосии ҳастӣ ва рушди кишварҳои дунё ба таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи Истиқлол вобастагии ногусастанӣ дорад.
Аз ин рӯ, дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва муборизаи кишварҳои абарқудрат моро зарурат пеш меояд, ки дар мадди аввал пояҳои Истиқлоли миллӣ ва сулҳу ваҳдатро таҳким бахшида, барои ҳифзу нигаҳдошти он омода бошед. Яъне омода бо донишҳои мукаммал, бо илму маърифат, бо зиракиву далерӣ, бо ҷавонмардиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанхоҳӣ. Зеро шарофати неки истиқлол аст, ки дар айни замон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва ташаббускору созанда шинохта шуда, нуфузу шукуҳу мартабаи Тоҷикистон ба таври намоён боло меравад.
Бахтиёр Шафизода- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети иқтисод ва молияи Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ