ЛЕВАКАНТ: РАИСИ ШАҲР АЗ Ҷ/Д «ГУЛИСТОН» ДИДАН НАМУД
4-уми июн, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин аз рафти имтиҳони хатми соли хониши 2024-2025-и муассиссаҳои таълимии қаламрави ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуд. Ӯ масъулини муассисаҳои таълимиро таъкид намуд, ки ҳангоми имтиҳоноти хатми хонандагон ба ягон хатогӣ роҳ надиҳанд ва хатмкунандагонро тариқи Маркази миллии тестии назди Президент ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ пурра таъмин созанд. Ҳамзамон шаҳрдори таъкид намуд, ки таъмири муассисаҳои таълимиро барои соли хониши 2025-2026 дар сатҳи зарӯрӣ ба роҳ монанд.
