ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ КОРҲОИ СЕЙСМОИКТИШОФӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «БОХТАР» БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ

.

 
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин «СИ-ЭН ПИСИ Интернешнл» ва «БИҶИПИ-ИНК» маросими кушодашавии марҳилаи дуюми корҳои сейсмоиктишофӣ дар доираи лоиҳаи “Бохтар” дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ФАРҲАНГИЁН БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТ

.

12-уми июн, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант ва Ташкилоти «Сипарони Ватан» дар бахши фарҳанги шаҳри Левакант бо фарҳангиён вохӯрӣ гузаронида шуд.

ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ТАБЛИҒОТИ БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

.

12-уми июн, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иборат аз масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, масъулини Маркази ТТҲС, Муассисаи давлатии Маркази ВНМО-и шаҳр, бо занону бонувони кӯчаи Умари Хайём бо усули фардии «Хона ба хона» вохӯрӣ гузарониданд.

ЛЕВАКАНТ: ҲАШАРИ ТОЗАКОРӢ ДАР ШОҲРОҲИ ЛЕВАКАНТ-БОХТАР

.

 
Имрӯз 11-уми июн, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар шафати шоҳроҳи Левакант-Бохтар ҳашари дастаҷамъонаи тозагӣ гузаронида шуд.
Дар ин ҳашари тозагӣ масъулини Мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин рӯз тамоми иштирокдорони чорабинии тозакорӣ ду шафати шоҳроҳ ва минтақаи саноатиро аз хасу хошоки хушкшуда тоза намуданд.
Ба иттилои масъулин чунин тозакорӣ ва ободониҳо дар ҳудуди шаҳри Левакант бо ҷалби фаъолон пайваста гузаронида мешаванд.
 
 
 
 

ЛЕВАКАНТ: ВАҲДАТ РАМЗИ МУТТАҲИДИСТ

.

 
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант ва Ташкилоти «Сипарони Ватан» дар деҳаи Зағертути ҷамаоти деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳр бо сокинон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар ин вохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорони меҳнат-Султонов Ҳикматулло, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан»-Бароталиев Сафар, собиқадорони меҳнат-пополковник Саидов Файзулло, Сангимуродов Усмонқул, Ашуров Холназар, сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд»-Ашуров Орзу иштирок ва суханронӣ намуданд.