ПАРАСТУИ ИҚБОЛ
Ваҳдати тоҷикон - беҳтарин неъмат ва наҷоти миллат
ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО НАМОЗГУЗОРОН БАҲРИ ПЕШГИРИ АЗ ҒАРҚШАВӢ
13-уми июн, тибқи нақша-чорабиниҳо сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант, майор Холиқов Манучеҳ ва масъулни ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Левакант бо намозгузорон вохӯрӣ намуданд.
ЛЕВАКАНТ: ПЕШГИРИ АЗ БЕГОНАПАРАСТӢ
Пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб) имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз гашта, бегонапарастиро ба вуҷуд меорад. Баҳри пешгирии он имрӯзҳо миёни аҳли ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.
ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ МАРОМИ МОСТ!
Таҷрибаи талхе, ки миллати тоҷик аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ба такрори воқеаҳои гузашта роҳ намедиҳад ва ин таҷриба, ин дарси таърих кафолати ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан ва пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат хоҳад буд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик танҳо ба сифати як ҷашни тақвимӣ нест, балки фаротар аз он саҳифаи таърихест, ки ба ивази зиёни бузурги модию маънавӣ, қурбониҳои зиёди ҷонӣ, заҳмату машаққат ва сабру таҳамули зиёд насиби тоҷикон гардидааст.
