ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ
Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоқик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Ваҳдати миллӣ — бузургтарин дастоварди миллат
Ваҳдати миллӣ барои ҳар як халқу миллат ҳамчун асоси бақои давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа арзиши бузург дорад. Барои мардуми тоҷик, ки солҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, ваҳдати миллӣ на танҳо як рӯз ё санаи таърихӣ, балки идеали зиндагӣ ва ғояи муқаддас аст.
ВАҲДАТ КАФИЛИ САОДАТИ МИЛЛАТ
27-уми июни соли 1997 созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд.
Имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 шурӯъ шуда буд, анҷоми нек бахшид. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин Созишнома аҳамияти ҳуқуқӣ доштани Ваҳдати миллист, ки он барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди кишвари мо нақши тақдирсозро дорад. Ҳамин аст, ки омади сулҳу пойдории Ваҳдат дар Тоҷикистони мо ба пойдории амният дар минтақа, ба нестӣ расидани таҳдиду харобкориҳо заминаи лозимаро гузошт.
ВАҲДАТ – ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Ваҳдат мафҳумест, ки бо садо доданаш осоиштагӣ, сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, сарҷамъии ҷомеа ва миллату давлат фаҳмида мешавад. Беҳуда нест, ки таҳкими аркони давлатиро бе рушди фарҳанг, вусъати худоогоҳии шахсу ҷомеа дар ташаккули тафаккури миллӣ ва мустаҳкамии он дар ташаккули ҷаҳонбинии инсонҳои бедору худоогоҳ ва ватанпарвару миллатдӯст номумкин донистаанд.
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МОРО БА ҲАМ ОВАРД
Ҳеҷ як нафар намехоҳад гузаштаи талхи миллаташро, ҷароҳатҳои солҳои қаблиро ба ёд биёрад, вале мегуянд, ки то гузаштаро ба ёд наорӣ, ба қадри зиндагии имрӯза намерасӣ. Тоҷик дар Ватани худ номи гурезаро гирифт. Вақте ки одамон аз зодгоҳи худ, Ватани худ кӯч мебастанду бо ёрони хеш видоъ менамуданд ба қавли Саъдии бузургвор "Аз санг нола мехест ... " Вале чи илоҷ? Ё ҷон лозим буд, ё зодгоҳ.
