Ваҳдат ва ягонагии миллат – кафили бақои давлат
БУЗУРГИ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини ҳастии миллат, ватандорӣ ва давлатдории соҳибистиқлоламон мебошад. Ба ҳамин маънии такдирсоз ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии падидаи ҳамкорӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳою субот дар ҷомеа, амнияту тараққии кишвар ва муҳимтарин заминаи пешрафтҳои халқамон ба шумор меравад.
ЛЕВАКАНТ: БАРРАСИИ ЯК ҚТОР МАСЪАЛАҲО ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР
16-уми июн, рӯзномаи маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, бо баррасии ҳуҷатҳои аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон воридшуда, супоришҳои протоколии маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр аз 9-уми июни соли 2025 ва иҷрои вазифаҳои ҳафтаи сипарӣ, омодагӣ ба рӯзи Ваҳдати миллӣ, ба истифодадиҳии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ сурат гирифт.
