Ваҳдати миллӣ яке аз волотарин ва пурарзиштарин неъмате мебошад, ки миллати тоҷик бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварданд. Ваҳдати миллӣ барои миллати азизи мо заминаи сулҳ, устуворӣ ва пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Санаи 27-уми июни соли 1997, ки дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт шудааст, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки халқи тоҷик дар ин рӯз на танҳо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима доданд, балки роҳи сарнавиштсоз ва дурахшони кишвари соҳибистиқлолро интихоб намуданад. Аз ин рӯ Созишномаи сулҳ барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ- саҳифаи наве дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол бозкушоӣ гардид. Дар як муҳллати кутоҳи таърих, халқи тоҷик зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи хеле душворро паси сар намуда, ба давраи нав, яъне давраи дар амал татбиқ сохтани барномаҳои дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, риояи бечунучарои қонуниятҳо, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ва ҳамзамон ба таҳкими мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шарафёб гардид. Бинобар ин, бо боварии комил иброз медорам, ки қабули Созишнома як ҳодисаи таърихӣ ва нодир барои миллати тоҷик мебошад.
Дар иртибот ба муҳимият ва аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудааст, ки: “…Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин намуд”. Дар воқеъ гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси воқеӣ дорад. Зеро Ваҳдати миллӣ пояи асосии таҳкими амният ва суботи кишвар гардид. Ваҳдати миллӣ ба якпорчагии ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуда, заминаи ҳамбастагии кулли қишрҳои аҳолиро фароҳам овард. Ҳамин Ваҳдати миллӣ боис шуд, ки миллионҳо нафар гурезаҳо ва муҳоҷирон дубора ба Ватан баргаштанд ва ба зиндагии осоишта дар кишвари худ шурӯъ карданд. Инчуни дар ин давра Тоҷикистон тавонист, ки амнияти марзу буми худро таъмин намояд ва бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, мубориза барад.
Бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта ва монеҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноумед нагардида шароит барои барқарорсозии иқтисодиёт ва рушди босуботи кишварро фароҳам омад, ки албата ин кори осон набуд. Иқтисодиёти миллии кишвар дар як ҳолати ноустувор ва фалаҷ қарор дошт. Бо амалӣ ва татбиқ намудани барномаву стратегияҳои бузург, инчунин бунёди роҳҳу пулҳо, нақбҳо, рушди соҳаи саноат ва кишоварзӣ, рушди соҳаи соҳибкорӣ, ба роҳ мондани сиёсати дарҳои кушод, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфуз Тоҷикистон тавонист иқтисодиёташро барқарор намуда, ба рушди босубот ноил гардад.
Ҳамзамон гуфтан бо маврид аст, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ тамоми соҳаҳои мухталифи кишвар ба монанди маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба дастоварҳои назаррас ноил гардидааст. Эҳёи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аз дастовардҳои муҳими ин давра аст.
Лозим ба қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол бо принсипҳои сулҳу ҳамзистӣ, бо ташаббусҳои инсондустона, башардустона, созанда ва бароҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо кардааст. Мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаббускор назаррас аст.
Махсусан ташаббусҳои инсондӯстона ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили вобаста ба об ва иқлим эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурдааст. Ташаббусу иқдом ва пешниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарму самимӣ ёфта, дар робита бо ин симои Пешвои миллати моро чун шахсияти бузург дар арсаи байналмилалӣ бо дурахши хосаи сиёсӣ ҷилвагар гардонидаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии миллати тоҷик мебошад. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар ҳаллӣ масоили глобалӣ оид об ва тағйирёбии иқлим мебошад.
Тибқи мушоҳидаҳо имрӯз вазъи тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои табиӣ таъсири манфии худро бо суръати баланд расонида истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин ҳолат эмин буда наметавонад. Ҳолати таъсири ҷиддие, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, яъне тағйирёбии ҳарорат, обшавии пиряхҳо, боришот ва баландшавии обҳои сатҳи баҳрҳо оқибатҳое хоҳанд дошт, ки на танҳо экосистемаҳои обиро тағйир медиҳанд, балки ба сатҳи дастрасӣ доштани инсоният ба таъмини об низ таъсири худро мерасонанд.
Дар робита бо масъалаи тағйирёбии иқлим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд ва созмонҳои бонуфуз суханронӣ карда шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид як чанд қатъномаи марбут ба обро қабул намудааст. “...Қатъномаҳо дар бораи эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” аз ҷумлаи чунин иқдомот мебошанд”.
Инчунин, ибтикорот дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея доир гардида буд, эълон гардид. Дар ҷаласаи навбатии Маҷмааи Умумии СММ якдилона қатънома оид ба эълони солҳои 2018-2028 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз 21 декабри соли 2016 таҳти рақами 71/463 қабул гардид. Мақсади асосии ин Даҳсола, пеш аз ҳама, таъмини дастрасии умумӣ ба оби ошомидании тоза ва бо арзиши дастрас, нигоҳдошт ва ҳифзи ҳолатҳои санитарию беҳдоштӣ барои аҳолӣ, истифодабарии оқилонаи захираҳои об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилиони об дар Конфронси бистуҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, санаи 7 ноябри соли 2022 суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки “...захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ба ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Мо инро дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбад, бараъло мушоҳида менамоем. Бар асари гармшавии иқлим суръати обшавии пиряхҳои мо сол ба сол баланд шуда истодааст. То имрўз аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, як ҳазораш пурра аз байн рафтааст. “...селу обхезиҳо, хушксолиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола дар кишвар хисороти зиёди иқтисодию иҷтимоиро ба бор оварда, дар аксари мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд”. Вазъияти имрўзаи тағйирёбии иқлимро ба инобат гирифта, роҳбари кишвари азизамон пешниҳод намуданд, ки “... «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шавад ва санаи Рўзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад”. Дар робита бо ин, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Ҳамзамон 21 март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар карда шуд.
Ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» боз ҳам нуфуз ва эътибори Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала боло бурд. Вобаста ба масълаи обу иқлим тайи 20 сол мешавад, ки кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзномаи обу иқлимро бо муваффақият пеш бурдаистодааст. Ин мувафаққиятҳо бешак самараи Ваҳдати миллӣ мебошад. Дар воқеъ Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешсаф оид ба ҳаллӣ масоили об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо шинохта шудааст.
Дар робита ба ҳифзи пиряхҳо санаи 30 май дар шаҳри Душнбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо иштироки беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд, баргузор гардид. Дар конфронси мазкур роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи коршиносонро ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо, ки имрӯз ба як буҳрони глобалии замони мо табдил ёфтааст, ҷалб карда, коҳишёбии онро раванди ташвишовар дар таърихи инсоният арзёбӣ намуданд.
Бо назрдошти вазъи тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва андешидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ташаббуси навбатӣ оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ) пешниҳод карда шуд, ки ин ташаббус ҳам хушбахтона аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Дар иртибот ба ин санаи 8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ барои ҳифзи пиряхҳо андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро зарур шумурда, дар робита бо ин як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. «…аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ бо мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба тағйирёбии глобалии иқлим, татбиқи иқдомҳои дастҷамъӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, бахусус таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ».
Дар ҳақиқат масъалаҳи тағйирёбии иқлим ва обшавии пряхҳо доғи рўз буда, бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Амалишавии ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои обу иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди «сабз» ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти вазъи обҳои тозаи нўшокӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ созгор мебошад.
Дар маҷмуъ, метавон қайд намуд, ки агар аз ҷониби истифодабарандагони Об муҳимияти он бо таври возеҳу равшан дарк карда шавад, дар ин ҳолат як қадами устувор дар роҳи расидан ба иқтисодӣ “сабз” мебошад. Баррасӣ ва ҳалли мушкилоти мазкур дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об, самараи бузург дода метавонад. Аз ин рў, пешниҳод менамоем, ки усулҳои муосир ва намудҳои истифодабарии захираҳои об бо дарназардошти риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва минтақавии об риоя карда шаванд.
Инчунин, бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар ҳолати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, ҳадафҳои стратегии миллии пешбинишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар таъмин гардида, шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳолӣ муҳайё хоҳад гашт.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки мақсад аз пешниҳодҳо ва ташаббусҳои кишвари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ин захираҳои ҳаётан муҳим ба манфиати наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Вобаста ба ин иброз медорам, ки тавассути талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ, татбиқи саривақтии ҳадафу уҳдадориҳо оид ба ҳалли масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи босамару оқилонаи об, мо метавонем саҳми арзанда барои хушбахтии наслҳои оянда гузошта бошем.