ЛЕВАКАНТ: ВАРЗИШГАРОНИ НАВРАС БОЗ ДУ МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД
22-юми июн, дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон, аз намуди гуштини самбо байни наврасону ҷавонон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 3-варзишгари навраси шаҳри Левакант, дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ иштирок намуда, соҳиби ду ҷой гардиданд.
Варзишгарони навраси мо Диплом ва як медали тилову як медали нуқраи мусобиқаро соҳиб шуданд гуфт ба мо директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр-Абдуллоев Файзиддин. Инчунин ӯ илова намуд, ки дар намуди гуштини миллӣ шавқмандон зиёд буда ба онҳо мурабиёни соҳибтаҷриба машқу тамрин мегузаронанд.
