ЛЕВАКАНТ: ТАҲЛИЛУ БАРРАСӢ ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ
2-юми июн, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид. Дар маҷлиси назоратӣ супоришҳои мақомотҳои болоӣ ва супоришҳои протоколии маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз 26-уми майи соли ҷорӣ мавриди матраҳ қарор гирифт.
Муминзода Мастура Табарӣ барои дар сатҳи баланди ташкили баргузор гаштани Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, иштирок фаъол дар Форуми минтақавӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гашт ва иҷрои дигар дастура супоришҳо ба фаъолон ва меҳнаткашони шаҳр, изҳори сипос намуд. Ӯ иброз дошт, ки барои боз ҳам дар сатҳи зарӯрӣ ба роҳ мондани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бояд тамоми масъулин сидқан кору фаъолият намоянд. Инчунин гуфта шуд, ки ҳангоми баррасии мактубу ҳисоботҳо масъулин бояд диққати махсус диҳанд.
Иброз шуд, ки мувофиқи Қаророри Шӯрои уламои Тоҷикистон намози иди қурбон имсол ба 6-уми июн рост меояд. Ба мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, сархатиб ва дигар шахсони масъул супориш шуд, ки рафти намози ид ва дигар ҳолатҳое, ки ғайри урфу одатҳои тоҷикона аст назорати ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Муминзода Мастура Табарӣ қайд намуд, ки фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии шаҳр мавриди таҳлилу барраси қарор дода шуда, нисбати корњои анљомдодашуда ба Мақомоти иҷроия гузоришҳо пешнињод карда шавад. Бахшида ба иди қурбон бошад ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил ва бо ҷалби соҳибкорон дастгирии оилаҳои камбизоат, ятиму бепарастор ба роҳ монда шавад, намояндагони раиси шаҳр бошанд дар баргузории намози ид назоратро ҷиддӣ ба роҳ монанд то ягон қонуншикани ё зиёдаравӣ ба амал наояд.
Ҳамзамон раиси шаҳр ба Нозироти андоз ва саҳми кормандони он дар иҷрои саривақтии нақшаи қисми даромади буҷет изҳори сипос намуд. Ва ӯ иброз дошт, ки барои фаъолноки аз фаъолияти пурсамари андозсупорандагони фаъол дар саҳифаҳои рӯзнома ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои таблиғотӣ ба нашр расонида шавад.
Ба сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Нури Сарбанд” супориш шуд, ки аз фаъолият ва бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқ мунтазам маводҳои таҳлилию танқидӣ ба нашр расонида шавад.
Раиси шаҳр зимни маҷлиси назоратӣ супориш дод, ки нақша-чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист фаври ташкил када шавад ва ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ташкили чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист мусоидат намоянд. Бахши ҳифзи муҳити зист бошад аз рафти чорабиниҳои гузаронидашуда ба Мақомоти иҷроия маълумот пешниҳод намояд.
Ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ аз тарфи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр ва сафарбаркунии коргарон ба корҳои мавсимӣ аз ҳисоби занҳои хонашин яке аз масъалаҳои мавриди матраҳи маҷлиси назоратӣ буд.
Ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи олӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги миллӣ Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба масъулин ва фаъолони шаҳр супоришҳои мушаххас дода шуд.
Оиди анҷоми соли таҳсили 2024-2025, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани имтиҳоноти хатми хонандагон ва дохилшавии хонандагон тариқи Маркази миллии тестии назди Президент, таъмир ва омода намудани синфхонаҳо ба соли таҳсили 2025-2026, даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ дар масъалаи таъмири муассисаҳои таълимӣ ба масъулини соҳаи маориф супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон баҳри саривақт ва беталаф ҷамъоварии ғаладонагиҳо, иҷрои саривақтии пилла, риояи қоидаҳои агротехникӣ ҷиҳати кишт ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ, таъмини оби полезӣ, пешгири аз сухтор, ташкили ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ раиси шаҳр ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, намояндаи пиллаи тоҷик, идораи хоҷагии об, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тавсия ва дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Инчунин Муминзода Мастура Табарӣ ба кормандони соҳаи идеологӣ ва фаъолон муроҷиат намуд, ки баҳри иҷрои тамоми дастуру супориҳои мақомотҳои болоӣ, пешгири аз қонуншиканиҳо дар соҳаи барқ, пешгири аз ҷиноят ва тамоми омилҳои номатлуб бетараф набуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми назарраси худро гузоранд.
