ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ БАҲРИ ПЕШГИРИ АЗ САТРУ ҲИҶОБ

.

 
2-юми июн, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини бахши кор бо занон ва оила, дигар намояндагони Мақомоти иҷроия, дар якҷоягӣ бо масъулини ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” МТТҲС, намояндаи ШВКД-и шаҳр дар маркази шаҳр, беморхонаи марказӣ ва Муассисаҳои КАТС доир ба як қатор масъалаҳои доғи рӯз рейди муштарак гузаронида шуд.
Мақсад аз гузаронидани чунин корҳои фаҳмондадиҳии якҷояи сохторҳои марбута, пешгири амалҳои номатлуб, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб), риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ дар бозори маркази ва дукону мағозаҳо, пешгири аз савдои кӯчагӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва одоби шаҳрнишинӣ, пешгири аз бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ буда, аъзоёни гурӯҳи корӣ дар ин самт батафсил фаҳмондадиҳӣ карданд.
Инчунин мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Эшова Боғигул ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ чанде аз занону духтаронро барои дигар ба бар накардани сатру ҳиҷоб ва риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан таъкид намуда, тавсия доданд, ки ба ҷойи бегонапарастӣ сару либоси миллиро ба бар карда, тоҷикона либос пӯшанд.