ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
3-юми июн, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, дар гулгашти Парчами миллӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабини раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, мудирону кормандони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон иштирок намуданд.
Ҳунари хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, ки пурра ба мавзуи муҳити зист бахшида шудааст пешкаши иштирокдорон гардонида шуд. Инчунин як гурӯҳ наврасону ҷавонон ҳайвонот, парандагону дигар ҷонваронрони хонагиро дар сабатҳо ба намоиш гузоштанд, ки аз ҳисси баланди табиатдӯстии онҳо шаҳодат медиҳад.
Раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ барои ташкили чунин як чорабинии экологӣ ба масъулини бахши ҳифзи муҳити зист ва тамоми саҳмгузорону иштирокдорони фаъол изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ба хотири ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи табиатдӯстӣ минбаъд чунин чорабиниҳо гузаронида шавад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола 5-уми июн аҳли башар, аз ҷумла сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзи байналмилалии муҳити зистро ба таври васеъ ҷашн мегиранд. Ёдрас мешавем, ки соли 1972 бо Қарори СММ рӯзи 5-июн ҳамчун Рўзи байналмилалии муҳити зист пешниҳод шудааст.
Мардуми шарафманди кишварамон аз он шукргузоранд, ки ватани азизамон-Тоҷикистон тавассути сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табиати бою рангин, обу ҳавои фораму дилкаш, олами набототу ҳайвоноти нодир, кӯҳҳои серганҷу осмонбӯс, рӯду дарёҳҳои шӯху беқарор ва чашмаҳои софу дармонбахш бо ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва таассуроти онҳо аз боздиди манзараҳои дилфиреби диёри афсонавиамон дар олам маълуму машҳур аст.
Дар ҳақиқат, фарде, ки як маротиба аз кишвари мо дидан намояд, таассуроти гирифтааш як умр дар дилу ёдаш нақш хоҳад баст. Сайёҳони хориҷӣ аз дидани зебогию шоҳкориҳои табиати Тоҷикистон ба ваҷд омада, дар навиштаҷотҳояшон онро чун “Дурдонаи табиат”, диёри “Кўлоҳсафед”, кишвари “Кўлҳои афсонавӣ” ва сарзамини “Файзбор” ба қалам додаанд.
Қобили қайд аст, ки тайи солҳои охир сокинони ҷумҳурӣ баҳри муҳофизати муҳити зист, тозаю озода намудани кӯчаю маҳаллаҳо, ниҳолу дарахтон тавассути ҳашарҳои умумӣ ва дигар амалҳои муҳиму хайр корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд.
