ЛЕВАКАНТ: РАИСИ ШАҲР АЗ Ҷ/Д «ГУЛИСТОН» ДИДАН НАМУД
4-уми июн, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин аз рафти имтиҳони хатми соли хониши 2024-2025-и муассиссаҳои таълимии қаламрави ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуд. Ӯ масъулини муассисаҳои таълимиро таъкид намуд, ки ҳангоми имтиҳоноти хатми хонандагон ба ягон хатогӣ роҳ надиҳанд ва хатмкунандагонро тариқи Маркази миллии тестии назди Президент ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ пурра таъмин созанд. Ҳамзамон шаҳрдори таъкид намуд, ки таъмири муассисаҳои таълимиро барои соли хониши 2025-2026 дар сатҳи зарӯрӣ ба роҳ монанд.
Инчунин Муминзода Мастура Табарӣ дар ҳамин рӯз аз вазъи ҷамъоварии ҳосили меваҷот дар ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуд. Бо боғдорону самдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат орост. Таъкид намуд, ки маҳсулоташонро хуб ҷамъоварӣ намуда бон архи дастрас пешкаши мардум созанд. Инчунин ӯ иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда ду се ҳосил рӯёнида, барои истифодаи худ захира намоянд.
Дар доираи ин сафари кории худ Муминзода Мастура Табарӣ аз вазъи пойгоҳи обтаъминкунии ҷамаоти деҳоти «Гулистон» дидан намуд. Гуфтан бамаврид аст, ки ин пойгоҳи обтаъминкунӣ бо насосҳои обкаш таъмин буда, тамоми хоҷагиҳои ҷамоати мазкурро бо оби полезӣ ва ошомиданӣ наъмин мекунад.
