ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ДАР АРАФАИ РӮЗИ ВАҲДАТ
17-уми июн, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант ва Ташкилоти «Сипарони Ватан» дар муассисаи давлатии таълимии томактабии ба номи «НИГИНА»-и шаҳри Левакант бо маъмурият ва мураббиён вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар ин вохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорони меҳнат-Султонов Ҳикматулло, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан»-Бароталиев Сафар, собиқадорони меҳнат-Сангимуродов Усмонқул, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар таърихи ҳар як миллат лаҳзаҳо ва шахсиятҳое ҳастанд, ки сарнавишти онро барои наслҳои оянда тағйир медиҳанд. Барои миллати тоҷик, чунин шахсияти барҷаста ва тақдирсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ҷанге, ки на танҳо ҳазорон қурбониро ба бор овард, балки пояҳои давлатдориро шикаст ва миллати тоҷикро дар муқобили нестшавӣ қарор дод. Дар чунин вазъияти фоҷиабор, ҷавонмарди шуҷое бо дили пур аз меҳру муҳаббат ба Ватан ва халқ, Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирифт.
Моҳияти ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҳама муҳимтар аст. Зеро бе ваҳдат, миллат парешон мемонад, давлат бунёд намешавад ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ номумкин мегардад. Ваҳдати миллӣ боиси барқарор гардидани сохторҳои давлатӣ, эҳёи фарҳанг, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа гардид.
