ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ДАР КӮЧАИ НОСИРИ ХУСРАВ

.

17-уми июн, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» дар кӯчаи Носири Хусрави шаҳрак бо сокинон вохӯрӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ба сокинон гуфта шуд, ки қабл аз ҳама маданияти шаҳрнишиниро риоя намуда, атрофи биноҳои баландошёна ва хонаҳои истиқоматии худро тозаю озода нигоҳ доранд. Пешгири аз ҷиноят, бегонапарастӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона, хурофотпарастӣ, пешгири аз таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ, сарфакорона истифодабарии қувваи барқ ва пешгир аз қонуншиканиҳо дар ин самт аз масъалаои асосии ин вохӯрӣ буд, ки масъулин дар ин самт ба сокинон фаҳмондадиҳӣ карданд.