ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚА БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҶОМИ РАИСИ ШАҲР

.

Бегоҳии 18-уми июн, дар яке аз майдончаҳои варзишии шаҳри Левакант, дастаҳои футболбози ҶСК «Азот» ва Муассисаи ғайридавлатии Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант, бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Левакант байни ҳам сабқат намуданд.

Ин дидор бо ҳисоби 16 бар 1 ба фоидаи футболбозони дастаи ҶСК «Азот» анҷомид.

 

Бозиҳои дигар байни дастаҳои футболи ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ барои ба даст овардани Ҷоми раиси шаҳри Левакант то рӯзи таҷлили 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ идома хоҳанд кард. Беҳтарин даста, беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин бозингар бо туҳфаҳои арзишноки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қадршиноси хоҳанд гашт.

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи хурди футбол ба хотири рушди футбол дар доираи ташаббуси Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбати ҷаҳони гаштани ин намуди варзиш ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардидааст.