ЛЕВАКАНТ: СИПОСНОМАИ ВАЗИРИ МУДОФИА БА РАИСИ ШАҲР

.

Барои саривақт ва босифат иҷро гардидани даъвати баҳорӣ ва сафарбарии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ бо Сипосномаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим сарфароз дониста шуд.

Сипосномаро имрӯз 23-юми июн, дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳ, Комиссари ҳарбиии шаҳри Левакант-Раҳимзода Анвар бо қироати фармони Вазири дифо ба Муминзода Мастура табарӣ супорид.

 

Раиси шаҳр бо гирифтани Сипоснома зикр намуд, ки дар даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссариати ҳарбӣ, мақомоти қудратӣ, масъулини ташкилоту корхонаҳо ва дигар фаъолон саҳми беандоза доштанд, ки мо тавонистем дар муддати кутоҳ ва пеш аз муҳлат ин маъракаи муҳими сиёсиро сарбаландона паси сар намоем.