ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ МУМИНЗОДА МАСТУРА ТАБАРӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

.

Ваҳдати миллӣ ин дастоварди бузург, ки ба унвони пойдевори асосии ҳастии миллату давлат ва сарчашмаи пешрафту пирӯзиҳои халқи тоҷик арзёбӣ мегардад, маҳз бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони содиқи миллат ва раҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ин неъмати бебаҳо оғози саҳифаи навини таърихиест, ки Тоҷикистонро аз парокандагӣ ва халқи азиятдидаро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшида, ба давлату миллати тоҷик роҳи худсозиву рушду пешрафт ва зиндагии шоистаро фароҳам овард. Мурури даврони осоиштагӣ меросбарони фарҳанги тамаддунсози тоҷик бо баҳрамандӣ аз файзу саодати сулҳу осоиштагӣ санаи таърихии ба имзо расидани Созишномаи сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун муҳимтарин дастоварди таърихии миллат азизу муътабар дониста, ҳифзу ҳимояи ин неъмати бебаҳоро вазифаи муқаддасу масъулияти ҷонии худ мешуморанд.

 

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон бо ёдоварӣ аз шарофати соҳибистиқлоливу ваҳдати миллӣ ва азму иродаи устувору қаъвии мардуми мо дар фатҳи шоҳроҳи рушди устувори Ватани азизамон иброз доштанд; “Мо итминони комил дорем, ки шинохти дирӯзу имрӯзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва ба ҷо овардани шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ мардуми моро ба соҳили мурод мерасонанд”.

Қобили зикр аст, ки ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод ва ба гумони ғолиб мавзӯи омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносиву тафаккури миллӣ ва ҳамчун таҷрибаи беназири миллати тоҷик дар марҳилаи бунёдгузории давлати соҳибистиқлоламон минбаъд ҳам аз ҷониби ҷомеашиносону олимону пажӯҳишгарони риштаи сиёсатшиносӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор хоҳад гирифт.

Воқеан ҳам дар марҳилаи бунёдии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ Ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи пешбарандаи ҷомеа дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, фатҳи қуллаи дастоварду саодатмандиҳо ва худшиносиву худсозиҳои халқи тоҷик нақши меҳварӣ мебозад. Азму иродаи сулҳоварии Пешвои муаззами миллат ҳамчун намоди фарҳанги волои таҳаммулгароӣ, ки аз ҳуввияти баланди миллӣ маншаъ мегирад, мояи пойдории давлату ояндаи дурахшон ва неруи пешбарандаи ҷомеа дар масири созадндагиву пешрафтҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон аст.

Маврид ба ёдоварист, ки барои ноил шудан ба дастовардҳои ояндасози Ваҳдати миллӣ маҳз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калиди бозидааст, ки аз минбари ин ҷаласаи тақдирсоз фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми “Ман ба шумо сулҳ меорам” дар арсаи сиёсатҳои бузург зуҳур намуда, минбаъд бо бунёдгузори давлати навин заминаҳои пойдории фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуд.

Ҳамдиёрони азиз!

Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ аз замоне, ки рисолаи давлатдорӣ дар олами ҳастӣ арзи вуҷуд кард, асоси тараққӣ ва пешрафти он ба ҳисоб рафт. Ғояи олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро фаро гирифтааст, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб меёбад. Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимист.

Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳакам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Ин неъмати безавол пеш аз ҳама натиҷаи заҳмат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми қишрҳои ҷомеа, сохторҳои давлативу ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон воқеан нақши сарнавиштсоз гузоштанд.

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу субот ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул шукуфта, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд.

Ваҳдати миллӣ – ин ягонагӣ , ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоиштаи тамоми табақаҳои ҷомеа дар асоси сулҳ, субот ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад.

Муссалам аст, ки пойдориву бақои ҳар як миллат дар иттиҳоду якдилӣ ва ҳамбастагию ваҳдати мардуми он аст. Ин сабақи зиндагиро мардуми мо хеле хуб аз худ намудааст. Зеро маҳз сулҳу созиш, гузаштҳову бахшиданҳои бебоконаи Пешвои муаззами миллат ва ваҳдату якдилӣ боис гардид, ки аз вартаи халокатбори ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёбем ва ҳамчун миллати соҳибхирад ва тамаддунофар бори дигар эҳё шавем ва ба мардуми ҷаҳон дарси сулҳу оштӣ диҳем.

Ҳамватанони гиромӣ !

Ҳарчанд даврони сахту мушкилсози миллати мо сипарӣ гардида бошад ҳам, вале авзои сиёсии имрӯзаи ҷаҳон аз ҳар кадоми мо ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро талаб мекунад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ санаи 27-уми июни соли 1997 яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи муосири тоҷик ва оғози марҳилаи сифатан нави таърихи тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳаммияти ин сана чунин қайд карданд: “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз аҳамияти бузурги худ бо эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар эъломия ба ҷумҳурии мо ба таври расмӣ истиқлолиятро дода бошад, пас созишнома сулҳу салоҳро таъмин намуд. Агар ватани мо бо шарофати Созишнома сулҳу салоҳ пойдор намегардид, хатари аз даст рафтани истиқлолият ба мо таҳдид мекард”. Ин муқоисаи ҷасурона моҳият ва ҷойгаҳи Созишномаи сулҳро бисёр дақиқ тавсиф ва баён намудааст.

Ҳамзамон агар мо ба санадҳое, ки барои ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таърихи сулҳи тоҷикон назар афканем, яке аз печидатарин баҳсҳои назарие аст, ки дар раванди таърихи сулҳи тоҷикон пайваста матраҳ мегардад.

Ҳамватанони азиз!

Дар давраи истиқлолият Ваҳдати миллӣ ба давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор гузошта, барои рушду пешрафти ҷомеа мусоидат намуд. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳамкориҳои мунтазами ҷомеа ва мақомоти давлатӣ, мубориза бо таҳдидҳои экстремистӣ ва идеологӣ танҳо таввасути ҳамоҳангии ҳама гуна қишрҳо ва созмонҳои ҷомеа имконпазир мебошад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Бо назардошти рушди босуръати соҳаҳои гуногуни хочагии халқ, иштироки Ҷумҳурии азизамон дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва қабули ташабуссҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки минбаъд низ тавассути ҷалби пурра ва мутамаркази аҳли ҷомеа метавон ба ҳифзи Ваҳдати миллӣ, таъмини субот ва рушди устувори Тоҷикистон ноил шуд ва ба ояндаи дурахшон устувор қадам гузошт.

Бори дигар тамоми мардуми шарафманти кишвари азизамонро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, таманои онро дорам, ки сулҳу субот дар ватани азизи мо доимо пойдор бошад.

Саломату сарбаланд бошед!