ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР ҶАШНИ ВАҲДАТ
Имрӯз 27-уми июн, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, тибқи нақша-чорабинии МИҲД-и шаҳри Левакант, муовини раиси шаҳр Шоҳиён Саъдулло, комиссари ҳарбии шаҳр-Раҳимзода Анвар, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Эшова Боғигул, занону бонувони фаъол, ҳунармандони шаҳр, ба аёдати сарбозони қисми низомии 03 07, Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ рафтанд.
Масъулин зимни ин аёдати худ бо сарбозон суҳбат ороста, онҳоро ба 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик карда, туҳфаҳои идонаи худро, ки аз нону шириниҳо ва тамоми анвои хурока иборат буд барояшон тақдим намуда, аз рафти хизмати Модар-Ватан ва шароити хизмати сарбозон дар қисми низомии мазкур огоҳи пайдо карданд.
Ҳангоми суҳбат сарбозон аз ҷараёни хизмат дар ин қисми низомӣ ва шароитҳо ибрози назар намуданд. Инчунин онҳо аз дигар ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки аз хизмати Модар-Ватан саркаши накарда ин рисолати ҷавонмардиро ба ҷо оранд.
Ҳамзамон аз тарафи масъулини шаҳри Левакант дастархони идона ташкил карда шуда бо сарбозон хуроки нисфирӯзӣ хӯрданд.
Инчунин ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиеро бо суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаши сарбозон намуданд.
Боиси зикр аст, ки дар арафаи ҳар иду ҷашн ва рӯзҳои таърихӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант сарбозони яке аз қисмҳои низомиро аёдат намуда, онҳоро дар рӯзҳои ид шод мегардонанд.
