ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚА БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТ

.

Имрӯз 27-уми июн, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, байни наврасон мусобиқаи гуштини миллӣ баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант-Шодихон Сафарзода, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр-Абдуллоев Файзиддин иштирок намуда, ба ҳунару малакаи наврасон баҳои баланд доданд.

 

Мусобиқа дар сатҳи хеле хуб ҷараён гирифта, наврасон байни ҳам қуввасанҷи карданд.

Ғолибон бо Медал, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.