ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Имрӯз, 27-уми июн, дар толори Муассисаи давлатии таълимии "ЛКСК" дар шаҳри Леваканти ДБССТ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Муминзода Мастура Табарӣ - раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, раиси шаҳр, баргузор гардид.
Дар иҷлосия муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-Ҳо там зода Фарух, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, вакилон, роҳбарону намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Нахуст пас аз садо додани Суруди миллӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои
1. Тасдиқ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 994 аз 19-уми марти соли 2025 "Дар бораи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин намудани Муминзода Мастура Табарӣ",
2. Ахбороти Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр нисбати интихоботи такрори дар Ҳавзаи интихоботии рақами 8 ва тасдиқ намудани ваколат вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант даъвати ҳафтуми,
3. Рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025,
4. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия, зидди маводи нашъаовар, сохти маъмурию ҳуқуқӣ оид ба иловаҳо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ,
5. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Эмомов Ҳусейн аз ҳавзаи интихоботии рақами 28, оид ба ваколатҳои вакили,
6. Дар бораи тасдиқ Низомномаи Комиссияи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант оид ба танзими ҷашну маросим,
7. Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии дастаи футболи "Сарбанд"-и шаҳри Левакант,
8. Дар бораи даровардани таъғирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз 28-уми декабри соли 2020 "Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Левакант барои солҳои 2021-2025",
9. Тасдиқ қарорҳои раиси шаҳр, ки дар байни иҷлосияҳои якум ва дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати ҳафтуми қабул гардидаанд дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин дар идомаи кори Маҷлис, ба вакилони тозаинтихоб шаҳодатнома ва нишони сарисинагии ваколати вакилӣ дода шуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони шаҳр вазифагузорӣ намуд.
