ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ, МАСЪАЛАГУЗОРӢ ВА БАРРАСӢ

.

30-юми июн, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.

Дар рӯзномаи маҷлис иҷрои супоришҳои протоколии маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр аз 23-юми июни соли 2025 ва вазифаҳои барои ҳафтаи ҷорӣ, рафти обунашавӣ ба рӯзномаву маҷалаҳои даврӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ дар ҳафтаи сипаригардида ба тамоми саҳмгузоштагон ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ изҳори сипос намуд.

Дар идомаи маҷлиси назоратӣ масъалаҳои иҷрои сифатноки қисми даромади буҷти шаҳр, санҷиши воҳидҳои кории муассисаҳои буҷетӣ, назорати рафти таъмири муассисаҳои таълимӣ, корбарӣ дар самти корхонаҳои саноатӣ, ҷонок намудани корҳои таблиғотӣ бо усули фардии “Хона ба хона”, дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати омилҳои номатлуб, пешгирии зиёдаравию хурофотпарастӣ дар байни ҷомеа, дуруст ба роҳ мондани мусобиқаҳои варзишӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, омодагии ҳамаҷониба ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба парвариши пахта ва аз ҳоло омодаги дидани нуқтаҳои пахтақабулкунӣ, таъмини оби полезӣ ва ошомиданӣ ба сокинони ҷамоати деҳоти “Гулистон”, вусъат бахшидани кишти такрорӣ, рафти маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷалаҳои даврӣ баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор гирифт.

Инчунин раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ ба роҳбарони ташкилоту корхонаҳо муроҷиат намуд, ки нисбати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолноки нишон дода, дар иҷрои масъулияти вазифавии худ содиқонаву сафдилона ба халқу Ватан хизмат намоянд. Танҳо дар натиҷаи заҳмати содиқона мо метавонем, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирем.