ЛЕВАКАНТ: ТАЪМИРИ МУАССИСА ВА ОБОДОНИ ДАР МАҲАЛ
Субҳи имрӯз 30-юми июн, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз ҷараёни таъмири МТМУ №6-и деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳр дидан намуд.
Маврид ба зикр аст, ки муассисаи таълимии мазкур бо ташаббуси роҳбарияти муассиса, ҷалби Кумитаи падару модар ва саҳми хатмкунандаҳои собиқи муассиса таъмири копиталӣ ва бомпуш шуда истодааст.
Ин иқдоми роҳбарияти муассиса ва хатмкунандагони ин боргоҳи марърифатро раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.
Инчунин шаҳрдорӣ Муминзода Мастура Табарӣ аз ҷараёни сохтмони чойхона дар деҳаи Боҳтуробод ва утоқи кории раиси Кумитаи маҳалла дидан намуда, зимни боздид иброз дошт, ки ин иқдоми хеле хуб барои сокинони маҳал ва истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
